Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Ифтитоҳи кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол

Ифтитоҳи кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол
01.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ифтитоҳи кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол
.2023 , шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кӯдакистони “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Кӯдакистон дорои 6 синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, нуқтаҳои дастшӯӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар муассисаи томактабии “Дӯстӣ” дар шаҳри Истиқлол 25 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла мураббияҳо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раванди таълим дар боғчаи кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулият бо аёниятҳои таълимӣ, инчунин телевизор ва дигар воситаҳои фароғатӣ барои тарбиятгирандагон таъмин мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда омӯзиши забони хитоӣ низ дар кӯдакистон ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла ширинию бозичаҳои гуногун тақдим намуданд.

 

 

 

 

Бинои муосири муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Истиқлол дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ аз ҷониби Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардидааст ва масоҳати умумии замини он 3 гектарро дар бар мегирад.

Иншоот бо системаи мустақили гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Кӯдакистони нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуда, иқдоми муҳим дар амалишавии “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025” маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар бинои кӯдакистон баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ садоқатмандона фаъолият намоянд.

Кӯдакистони “Дӯстӣ” дар шаҳри Истиқлол сеюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томакбатӣ мусоидат хоҳад кард.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30348?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.